Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба сазовор таҷлил намудани 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, муассисаҳои таълимӣ хонишҳои сиёсӣ дар мавзӯъи “Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба”-ро доир намуд. Маърӯзачиён доир ба қаҳрамониҳои ҷанговароне, ки барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми бузурги хешро гузоштаанд баромад намуданд. Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки хотираи онҳое, ки бо гузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос дошта, эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем.
Рубрики
ХОНИШИ СИЁСӢ
