Рубрики
Асосӣ

…ХУД АГАР ОДАМ ШАВӢ, ОЛАМ ГУЛИСТОН МЕШАВАД

        Ҳар кӣ  бо душмани халқ равон аст чу баҳр,

        Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

                                                                   Сайидои Насафӣ.

         Имрӯзҳо натанҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар  саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои абарқудрати дунё  муқовимат бар зидди терроризм-экстремизм  пурзӯр гашта истодаааст.

 Ба мо маълум аст, ки ҳадафи гурӯҳҳои ифротгарое, ки  ба Тоҷикистон дахолат кардан мехоҳанд, Тоҷикистонро аз давлати дунявӣ ба давлати динӣ табдил додан аст. Аммо мо ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва тариқи ВАО  аз вазъи кунунии кишварҳои  исломии  ҳамсоя хабардор ҳастем ва ба хубӣ муқоиса  ҳам  карда метавонем:

-яъне дар хонаводаҳои мо ҳар рӯз овои бозию хандаи кӯдакони хушбахт ва  аллаи модарони болидахотир  садо медиҳад, аз хонаводаҳои онҳо гиряи зори кӯдакони ятимгаштаву  марсияи модарони аз  фарзанди баркамол ҷудогашта шунида мешавад;

-дар кишвари мо занон озодона дар ҳама соҳаҳои зиндагӣ кору фаъолият мебаранду аз минбарҳои баланд  суханронӣ менамоянд, дар кишварҳои зикршуда  бошад занону духтарон  чунончи шоира Зебунисо гуфта,  побанду хонабанду мазлум  ҳастанд. 

-ҳар саҳар дар кӯчаҳои назди муассисаҳои мо садои форами  Суруди  миллӣ мутантан аст, дар кӯчаҳои онҳо бошад садои тиру тӯбу таркиши даҳшатнок дили мардумро ба ларза меорад.

         Магар  мо мегузорем, ки мисли онҳо ҷон дар кафу тарс дар дил зиндагонӣ ба сар барем? Асло, не!

         Шахсоне, ки имрӯзҳо аз шабакаҳои интернетӣ  дар ниқоби дини ислом ақидаҳои экстеримистии худро тарғиб карда истодаанд, онҳо ба сари худ мустақил нестанд. Дар сари он “мусулмонон” аслан  шахсони ифротгаре истодаанд, ки соҳиби дигар дин ҳастанд.  Ҳадафи  аслии онҳо дар байни мусулмонон низоъ  андохтан, дар байни мазҳабҳо тухми низоъро коштан ва ба ин восита мусулмонро барои хунрезии бародари муслимаш  водор намуда, оқибат  дар  рӯйи замин  дини исломро  решаканд кардан  аст.  Он  террористоне, ки ба мо аз мусулмонӣ ваъз мехонанд, аслан  ба балои нафс гирифтор шуда барои маблағ  фурӯхта шудаанду барои несту нобуд кардани дини мубини ислом ба  аҷнабиён хидмат карда истодаанд. Дар бораи ин гуна шахсон Хоҷа Ҳофиз  мефармояд:

  Воизон  к-ин ҷилва бар сари минбар мекунанд,

  Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Ё ба ин маъни байти дигар:

   Эй ки аз одамгарӣ моро насиҳат мекунӣ,

   Худ агар одам шавӣ, олам гулистон мешавад.

         Пинҳон нест, ки гурӯҳҳои экстемистӣ асосан ҷавонони муҳоҷире, ки тангназар, сустирода,  аз зиндагӣ навмедгаша, ё  мавқеи худро дар зиндагӣ ёфта натавонистаанд, зери нишони хеш мегиранд. Ба онҳо танҳо ҷиҳатҳои манфии ҷомеаи моро ва ҷиҳатҳои “мусбӣ”-и  ақидаҳои худро  баён карда,  онҳоро аз ватан дилсард  намуда ба доми хеш мекашанд. Афсӯс, ки ин гуна ҷавонон ҳам дар ҷомеа  вомехӯранд,  ки шоир нисбати онҳо гуфтааст:

    Ақли башар ба авҷи фалак бол мезанад,

    Дар хокбезиянд ҷавонони  мо ҳанӯз.

         Аммо террористон ҷоҳилии хешро  ҳеҷ вақт тан намегиранд,  танҳо айби ҷомеаю ҳукуматтро ҷустуҷӯ доранд,  чунончи:

     Айби худ аблаҳ намебинад  дар ҷаҳон,

     Бошад андар ҷустани айби касон.

         Мо ҳамчун узви ҷомеаи равшанзамиру  ба дину оини худ қоим,  туҳматҳои онҳоро нисбати Тоҷикистон инкор менамоем.

         Акнун моро лозим меояд, ки бетараф набошем. Махсусан,  мафкураи динии ҷавононро  дуруст  инкишоф додан лозим аст,  то ки онҳо дини мубини исломро аз ҳар гуна ҳуруфот фарқ карда тавонанд. Ҳамзамон, барои нигоҳдошти сулҳу ваҳдат ҳар як фарди ҷомеа новобаста аз ҷинс, миллат, мавқеи худ ҳамчун шаҳрванди озоди ин кишвар дар радифи мақомоти дахлдор бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон барем. Чун ҳазор сол пеш Фирдавсӣ фармуда буд:

   Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

   Аз  он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

         Барои нигаҳдошти  озодӣ, тинҷию оромии  Ватан   аз таҳти дил саъй намоем. Барои ин аввало мо қишри зиёии ҷомеа, омӯзгорон   басо масъулияти гарон дорем. Яъне мо ҷавонписаронеро тарбия намоем, ки ватандӯсту ватанпарвар  бошанд,  хидмати Ватанро аз сидқи дил адо намоянд. Агар ба ҳукми тақдир ба муҳоҷират раванд ҳам содиқи Ватан бимонанду  дар қалбу вуҷудашон  маънии байти зерин ҳамеша  ҷӯш занад:

    Намегирам  дусад  Руму  Вашингтон

    Ба як санги сиёҳи Тоҷикистон.

         Инчунин,  духтаронеро  таълим диҳем, ки дар оянда  фарзандони солиму доно ва содиқ ба Ватанро тарбият намоянд.

         Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо вуҷуди он ки кишвари ҷавони  31 сола дорем, барои зиндагонии осудаҳолонаи  мо шароитҳое фароҳам оварданд, ки орзуву ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик  буд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат  мо бояд бо ҳамдилию ҳамрадифӣ ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳем, огоҳ бошем  ва нагузорем, ки терроризм- экстремизм чун заҳрпечак дар ҷомеаи мо паҳн шавад, онро беамон решаканд намоем.

         Агар мо бетараф бошем, агар Шумо бетараф бошед,  пас ояндаи  фарзандони мову Шумо чӣ гуна хоҳад шуд?  Ояндаи дурахшони Ватанамонро бо ҳам бисозем!

                                                            Корманди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

                                                            Султонова Гулбаҳор.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *