Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир

Бахшида ба 27-солагии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ санаи 10 декабри соли 2021 дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз рӯйи нақша- чорабинӣ хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир” баргузор гардид.Аз ҷумла чунин вохурӣ дар ташкилоти ибтидоии “Равоншинос” дар назди Маркази равоншиносии вилояти Суғд бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва аъзои гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии кумиҷроияи шаҳрӣ, устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, номзади илмҳои филология, дотсент Зеварой Бобоева гузаронида шуд.Дар вохӯрӣ кайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10-декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил гардид. Солҳои нахустини фаъолият бо чи мушкиливу муаммо ҳизб корашро пеш мебурд. Қобили зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди басо мушкилу мураккаби хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа нақши босазои худро гузошт. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсию иқтисодӣ, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *