Рубрики
Uncategorized

ХУШБАХТИИ ОИЛА ДАР ДАСТИ КИСТ?

Барномаи навбатии «Печутоби замон», ки тариқи ширкати телевизион ва радиои СМ-1 пахш мегардад, ба мавзӯи оила ва оиладорӣ бахшида шуд, ки дар барнома кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд дар он ширкати фаъолона доштанд. Ҳамзамон ба барнома чор насли оилаи хушбахт даъват шуда буданд, ки онҳо аз таҷрибаи зиндагии худ нақлҳои ҷолиб намуданд.

Зимни баромадҳо таъкид шуд, ки   хушбахтии оила аз муносибати фаъолонаи аҳли он, яъне падару модар сарчашма мегирад. Ва аз таҷрибаҳои андӯхтаи пирони рӯзгордида маълум аст, ки вақте муҳити хуби хонаводагӣ муҳайё аст, он оила роҳи хуби зиндагиро пеша мекунад. Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, роҳандозӣ шудани даҳҳо Барномаҳои давлатӣ имкон дод, ки зани тоҷик ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар оила обрӯ ва нуфуз пайдо кунад. Ин шарти муҳим аст.  Таъкидан бояд гуфт, ки оила аз беҳтарин, комилтарин ҷузъи ҷомеа буда, дар такомули одоб, ахлоқ ва маърифат замина мегузорад. Таъсири оила ба инсон ҷавҳару асолати инсониро ошкор  месозад ва маҳз оила боис мегардад, ки фард дар ҷомеа камол ёбад ва соҳиби иззату икром гардад.  Ҳар як амали ибратбахше, ки фарзандон анҷом медиҳанд, маълум аст, ки дар оилаашон мушоҳида кардаанд ва дар пайравии волидон ва ё бобокалону бузургони хонаводаи худ буданд.  Ин аст, ки анъанаҳои наҷиби гузаштагони мо дар мавриди оиладорӣ таъсири хуб ба асолати инсонии насли нав мегузорад.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба оилаҳои хушбахт туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *