Рубрики
Uncategorized

Пешравӣ дар муттаҳидист

Дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ин навбат гурӯҳи тарғиботӣ – ташвиқотии назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯриро ҷиҳати пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм, танзими ҷашну маросимҳо ва ҷудошавии оилаҳо дар маҳаллаҳои “Суғдиён”, “Тиллокон” ва “Темурмалик” бо фаъолони маҳалла идома доданд.Дар вохӯрӣ намояндаҳо аз КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, сармуҳаррири рӯзномаи “Сухани халқ” Абдусабур Абдуваҳҳобов ва мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Манонова перомуни мавзӯъҳои зикршуда баромад намуданд. Тарғиботчиён оиди пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, риоя намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳои миллӣ”, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, фарҳанги либоспӯшӣ сухан намуда, бо мисолҳои возеҳ фарҷоми чунин амалкардро фаҳмониданд. Аз фаъолони маҳаллаҳо даъват ба амал оварданд, ки дар ҳамҷоягӣ барои рафъи мушкилиҳо кӯшиш варзем. Дар охири вохӯрӣ фаъолонӣ маҳалла низ фикру андешаҳояшонро перомуни масъалаҳои зикршуда баён намуда, арзи миннатдории хешро ба роҳбарияти кумиҷроияи шаҳрӣ ва вилоятӣ ҷиҳати фароҳам овардани чунин мулоқот иброз доштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *