Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД:ҲАМДИЛӢ БЕҲ АЗ ҲАМЗАБОНӢ

Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон” бо иштироки муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода Абдуғаффорӣ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, собиқадорони ҳизб, директори мактаби хусусии “Гулчини маърифат” Матлуба Муинова ва дотсенти кафедраи педагогикаи умумии ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров Абдуҳаким Шарипов мулоқот бо ҷомеаи меҳнатии ин ташкилоти бонуфуз ҷиҳати фаҳмондадиҳӣ аз натиҷаҳои сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар баромади Аминҷон Шарифзода зикр шуд, ки сафари нахустини Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Суғд руҳияи сокинонро хеле болида гардонда метавон онро сафари таърихӣ ва хотирмон дар ҳаёти сиёсии мамлакат унвон кард. Мулоқот бо аҳли зиё, шиносоӣ бо дастовардҳои саноатчиёну кишоварзони вилоят ба меҳмони олиқадр таассуроти амиқ гузошт.

Маликисломӣ Наим Мунаввар аз таърихи баҳамоии ду давлати ба ҳам дӯст тоҷику ӯзбек аз баҳори соли 2018 ёдовар шуда, афзуд ки дар фосилаи се сол додугирифти молу коло заз 70 миллион доллари пештара ба ним миллион доллар расид, ки ин рақами андак нест.

Абдуҳаким Шарипов аз робитаҳои адабӣ ва фарҳангии муштараки ду давлат ёдовар шуда, қайд намуд, ки устод Садриддин Айнӣ бо Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Мирзо Турсунзода бо Ғафур Ғулом, Лоиқ Шералӣ бо Эркин Воҳидов бисёр робитаҳои қавӣ доштанд.

Матлуба Муинова ҳосили дӯстии ду давлатро аз бунёди муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳмгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Қӯқанд ва Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо саҳмгузории ҷониби Тоҷикистон ёдовар шуда, ин пайвандиро абадӣ номид.

Бо ҳамин чорабинӣ хотима пазируфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *