Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Ҷавонон нерӯи пешбари ҷомеа

Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №21 – и шаҳри Хуҷанд мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон ва мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев мулоқот бо омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ оиди масъалаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб гузаронида шуд.

Дар мулоқот қайд гардид, ки барои тарбияи наврасону ҷавонон бояд пеш аз ҳама аҳамитяи аввалиндараҷа дода, онҳоро ба меҳнатдӯстию ватанпарварӣ ва хештаншиносиву худогоҳии миллӣ  ҳидоят намоем ва аз ҳозир оғоз карда, дар қалби наврасону ҷавонон меҳру муҳаббатро нисбати Ватани худ ва эҳтироми калонсолону ҳамсолонро ҷой намуда, онҳоро  баҳри саҳм гузоштан барои пешрафту ободонии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон равона созем.

Ҳамингуна мулоқоту вохӯриҳо дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ доир гардида истодааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *