Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: АЗ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҶАВОНОНРО БОЯД ҲУШДОР КАРД

АНДЕША: Имрӯзҳо ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ ҷамеаро ба ташвиш оварда, алалхусус, ҷавононро бо ҳар гуна роҳу воситаҳо гумроҳ карда истодааст. Барои ҳушдор кардани ҷавонон аз тарафи ҳамаи мақомотҳо, донишгоҳҳову коллеҷҳо устодон ва шахсони муттасаддӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯриву мулоқотҳо байни ҷавонон гузаронида истода бошанд, ҳам лекин бархе аз эшон фирефтаи суханҳои бардурӯғи гурӯҳҳои ғайриқонунӣ мешаванд ва оқибат пушаймон мегарданд. Терроризм ва экстремизм аз замонҳои пеш буд ва то ҳол вуҷуд дорад, танҳо ҳар нафар аз рӯи ақлу шуури худ бояд амал кард. Дар ҷомеаи имрӯза ҷавонони мо камтар ба маблағ рағбати зиёд доранд, аз ин рӯ чунин гурӯҳҳо бо ваъдаву ҳавасмандии зиёд ҷавоноро ба худ ҷалб намуда, ба гурғҳҳои ифротӣ шомил мекунанд. Мақсади ҳаргуна гурӯҳҳо аз ҷумла терроризм ва экстремизм бо ҳар роҳу восита халал расонидан ба Ватани тинҷу ором ва ҷорӣ намудани равияҳои хеш мебошад ва бо ин роҳ кӯшиш мекунанд ҷавони корҷу ва хоҳиши молу сарват мехостаро бо роҳи фиреб шомил гурӯҳи худ мекунанд. Аз ин лиҳоз ҷавонон бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надода, ҳамеша роҳи дурустро интихоб намоянд, то ки ба зиндагӣ ва оянда хеш таъсири манфӣ нарасонанд.

Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Бузургтарин хизмате, ки мо дар ин ҷода анҷом хоҳем дод, ин пеш аз ҳама дар руҳияти худшиносӣ, дӯст доштани марзу буми кишвар тарбия кардани насли наврас аст. Зеро вазъи ҷаҳони муосир, қудратталабии давлатҳои абарқудрат аз ҳар як шаҳрванди бонангу ор тақозо мекунад, ки ҳушёру зирак бошад, ватанашро сидқдилона дӯст дорад.

 Барои пешгирии роҳи ҳаргуна рафторҳои номатлуб  падару модар, гирду атроф ва ҷамъият бетараф набошанд ва фарзанди худро ба роҳи дуруст тарбия намуда, баҳри соҳибмаълумот гардидани эшон назорати ҷиддӣ зарур аст. Ҷавононро ба роҳи  Ватандӯстиву ватанпарастӣ  равона намуда, ҷавобан ба ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Рахмон, ки  ҳамаи шароитҳоро фароҳам кардаанд, кӯшиш намоем бо баҳои хубу аъло таҳсилро идома диҳем ва соҳиби касб гардида, барои Ватани азизи худ хизмат карда бошанд.                      Имрӯз моро мебояд, Ватани азизу маҳбуби мо  – Тоҷикистонро ҳамчун миллату давлати куҳанбунёду соҳибфарҳанг дар арсаи байналмиллалӣ шинохтаву эътироф намудаанд. Дар ҳамин радиф бояд тазаккур дод, ки ин ҳама обрӯву нуфузе, ки кишвари мо мақоми ҷаҳонӣ пайдо намудааст, маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Вазифаи мо он аст, ки поку бегазанд ин сарзамини аҷдодиро барои ояндагон мерос гузорем.

Назокат ЮСУФОВА,

 сармуҳаррири нашрияи “Шафақ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *