Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: «АРТИШИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН МАКТАБИ ҶАСОРАТУ МАРДОНАГӢ»

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ РАССОМӢ

Бо мақсади тарбия намудани хонандагон дар руҳияи далерӣ, шуҷоатмандӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ, шинос намудани толибилмон ба дастовардҳои замони Истиқлол, тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ, дарёфти истеъдоди насли наврас, муайян намудани маҳорат ва малакаи расомӣ, дастгирии истеъдодҳои наврасон ва даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Ташкилоти ҷамъиятии барқароркунандагони сохти Конститутсионии “Сипари сулҳ” имрӯз 19 феврали соли 2024 дар мактаби рассомии №4-и шаҳри Хуҷанд озмуни «Рассомони ҷавон» байни хонандагони мактабҳои рассомии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ» бахшида ба 31 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов, намояндаи бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Набиҷон Ҷӯразода, раиси Ташкилоти ҷамъиятии барқароркунандагони сохти Конститутсионии “Сипари сулҳ” Фахриддин Ахмедов, раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалист Муқим Қобилов, иштирокчиёни озмун, устодон ва волидайни рассомон иштирок доштанд.

Сараввал, маҳсули дасти рассомони наврасу ҷавон ба намоиш гузошта шуда, меҳмонон аз он боздид ба амал оварданд. Аён гардид, ки наврасону ҷавонон бо як маҳорати хосса расмҳои гуногунро бахшида ба Артиши миллӣ ва дигар муқаддасоти Тоҷикистонро тасвир намуданд.

Сипас, дар ҷамъбасти озмун баромадчиён аз хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, баён доштанд, ки маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду нумуъ қарор дошта, марҳила ба марҳила устувору нерумандтар мегардад.

 Мувофиқи баҳогузории коршиносони низомӣ имрўз Артиши миллии Тоҷикистон аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи пиёдагарди минтақа ба ҳисоб меравад, ки сӣ сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шудааст. Қайд гардид, ки имрӯз мо бояд ба қадри сулҳу оромии Ватани маҳбубамон расем, ва сари таъзим фуруд орем, назди онҳое, ки дар ҳифзи Ватан ҷонбозиҳо намуда, бо меҳнати софдилона Тоҷикистонро ба як гӯшаи биҳишосо табдил додаанд.

Дар ҷамъбаст ғолибон бо дипломҳои дараҷаи 1, 2 3, сипосномаҳо ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, якчанд нафар иштирокчиёни барқароркунандагони сохти Конститутсионӣ бо сипосномаю тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ гардиданд.

Бо ҳамин чорабинӣ ҳусни хотима ёфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *