Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: АЁДАТИ НИЁЗМАНДОН АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛИ ХАЛҚ

Сиёсати иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, ба ғамхорӣ фаро гирифтани қишри ниёзманди аҳолӣ, бахусус маъюбону ниёзмандон зери таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор додад.

Бахшида ба фарорасии соли нави мелодии 2023 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Сомон» Шарифзода Мӯмин Машокир ҳамроҳ бо муовини раиси кумиҷроияи ибтидоӣ Ҷамшед Тӯразода 30 нафар сокинони маъюбу ниёзманди ҳудуди ҳавзаи интихоботиро аёдат намуда,  ба ниёзмандон кумакҳои моддӣ расониданд.

Вакили халқ аз таваҷҷуҳи махсус ва дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шахсони ниёзманд ёдовар шуда, бо шароити зист ва мушкилоти онҳо бевосита шинос гардид.

Дар навбати худ аёдатшудагон ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки мо ҳамеша аз ин ғамхориҳо бархурдор ҳастем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *