Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Баргузории аксия ҷиҳати пешгирӣ аз бемории коронавирус

Дар ҳоле,ки аксарияти кишварҳои оламро хуруҷи тамғаи нави каронавирус “Омикрон” фаро гирифтааст, дар Тоҷикистон чораҳои пешгирӣ аз ин беморӣ тақвият бахшида мешавад.

Ба ин хотир, дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои гуногуни фаҳмондадиҳӣ аз қабили тақсимоти ниқобҳои яккарата ва муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  гузаронида шуда истодааст. Аз ҷумла, бо ташаббусу дастгирии гуруҳҳои ихтиёриён ва Ташкилоти ҷамъияти ҷавонон “Созандагони Ватан” – и шаҳр кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии ДемократииТоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар бахшҳои марбутаи соҳаи тандурустии шаҳр  чунин аксия баргузор гардид. Ташаббускорон дар кӯчаву хиёбонҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, назди бозору марказҳои савдо оид ба ин беморӣ суҳбат ороста, ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои якмасрафа тақсим намуданд. Бинобар иттилои масъулони соҳаи тандурустӣ гарчанде, ки то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ягон ҳолати гирифтори ба тамғаи нави каранавирус “Омикрон” ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирӣ аз ин беморӣ муҳиму ҳатмӣ арзёбӣ мегардад. Бинобарин, аз ҳоли ҳозир роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, якҷоя бо КИ ҲХДТ дар шаҳр ва кормандони соҳаи тиб ба хотири пешгирӣ аз ин беморӣ аксияҳои ваксинагузаронӣ ва дигар чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ идома дода, баҳри таъмини солимии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз пайдоишу ҳар гуна бемориҳои сироятӣ саъю талош хоҳанд намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *