Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: БЕТАМИЗИҲОИ МАРДУМ АЗ СУХАН ПАЙДО ШАВАД

АНДЕША: Вақтҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои ТЭТ ҲНИ, “Гурӯҳи 24”, Паймони миллӣ ва дигар нухбагони онҳо қариб ҳар рӯз баромад намуда, доир ба мавзӯъҳои гуногун, масъалаҳои ба гуфти худашон мубрами рӯз давоми то 4-у 5 соат пахшҳои мустақим мегузаронанд.

Шахсан, банда чанде аз он наворҳоро тамошо намудаму ростӣ, раҳмам омад ба ҳоли зорашон. Чунки қатрае аз донишу аз савод ва аз одоби муошират бо мардум дар замирашон набуда, лофу газофи беҳуда мегӯянд. Ончунон рафтори хашин, ончунон кирдорҳои нангин аз ҷонибашон сар мезанад, ки ростӣ ман пурра дар шубҳа меафтам, ки оё инҳо дар ҳақиқат тоҷиканд ё…?

Дар бораи чунин афрод ба мавриду шоиста гуфтаанд:

Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,

Пистаи бемағз агар лаб во кунад расво шавад.

Дар ҳақиқат онҳо афродеанд, ки чун пистаи бемағз пучу расво, чун доираи дарунхолӣ садои баланди гӯшкаркунанда, вале аз худ “пуштибон”-у “тарафдор” ва “дилсӯз”-у “дармонкунанда”-и халқ тарошида, худро дар ҳафтумин осмони поку беолоиш тасаввур намуда, ҳай ҷилва медиҳанду ҷилва медиҳанд. Аммо, ҳайфо, ки осмону замину мавҷудоти олам аз ингуна шайтонҳои инсонсурат олуда мегарданду касиф, мепажмаранду мемиранд ва хазон мешаванд. Сад ҳайфи он ҳаво бар он нафароне, ки ватани худро танқиду таҳқир мекунанд. Сад ҳайфи ононе, ки аз неъмати биҳиштии ватан парвариш ёфта, туф ба он неъмат ва меҳан мекунанд. Сад ҳайф…

Бузургони мо гуфтаанд, ки; “намаки касеро, ки хӯрдӣ 40 сол ба он андеша кун.” Аммо имрӯз Муҳиддини Кабирӣ, Салмон Холиқов, Ҳусейн Ашуров, Муҳаммадиқболи Садриддин ва се-чор нафаре, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ лофу газофи ватандориву ватанхоҳӣ мекунанд, худ оини муоширатро намедонанду ба қадри миллат намерасанд, аз намакдони ана ҳамин миллат бо ҳар роҳ нону намак хӯрда, аз дастархони чандин нафар ноне шикаставу пиёлаи чойе нӯшида, аммо ба ҳамон намакдон, ба ҳамон дастархону ба ҳамон нон ва ба ҳамон пиёлаи чойи мардум заҳр пошида истодаанд, ки ин албатта боиси нанги мо тоҷикон аст, ки тоҷик зидди тоҷик аст.

Дар ҳоле, ки ҳамаи давлатҳои рӯи дунё баҳри пешрафти мамлакати худ аз камтарин корҳои ободониро анҷом дода истодаанд, дар ҳоле, ки мамолики курраи замин барои манофеи миллии худ ба сари ҳамсоякишварҳо чун ғӯл болои якдигар афтода, пиру ҷавону зану кӯдакро қатл карда истодаанд, дар ҳоле, ки дар давраи бархурди тамаддунҳо фарҳангу тамаддун, таъриху бостони майдакишварҳоро бешармона дуздида, аз они худ карда истодаанд, дар ҳоле ки аҷнабиён ҳар рӯз дар сарҳади кишвар бо ҳар баҳонае аскари тоҷикро мекушанд, дар ҳоле, ки… ин “қаҳрамонон”-и мо дар зери соячатри ким кадом аҷнабие истода, бо супориши ӯ ҷониби ватану меҳани худ буҳтон мезананду аз зери нохун чирк меҷӯянд.

Мо, тоҷикон набояд бо ин амали нангини онҳо дода шавему аз кирдорҳои зиддидавлатию зиддимиллиашон пуштибонӣ намоем. Чунки ба сари аҷдоди мо аз ҷониби ҳамин гуна ашхоси гумроҳу нодон ва ҷоҳил бадбахтиҳои гушношунид омадаву аз сари ниёгонамон калламанораҳо сохтанд.

Барои ҳамин, тавре Пешвои миллат дар ҳар як баромадашон бо фаъолони ҷомеаи маданӣ суҳбат мекунанд, ҳамеша таъкид мекунанд, ки мо набояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст диҳем. Бале, ба фиребу найрангҳои ҳар гуна равияҳои иртиҷоӣ дода нашуда, балки бар зиддашон муборизаҳои беамон барему мамлакатамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, ва чун дигар мамолики дунё дар тамоми соҳаҳои давлатдорӣ пешрафта гардонем.

Шарифов Шариф,

аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *