Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд оғози соли 2021 озмуни “Беҳтарин кумиҷроия, шуъба ва ташкилоти ибтидоии беҳтари”-ро байни кумиҷроияҳои шаҳру навоҳи вилоят эълон карда буд. Дар маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд озмун натиҷагирӣ шуда, байни 18 кумиҷроияиҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун ғолиби ҷойи аввали озмуни “Беҳтарин кумитаи иҷроия – 2021” дониста шуда, бо Диплом ва маблағи пулӣ қадршиносӣ карда шуд. Ҷойи дуюмро кумитаҳои иҷроияи шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Ашт сазовор шуданд. Зинаи сеюмро кумитаҳои иҷроияи шаҳру навоҳии Панҷакент, Гулистон ва Исфара ишғол намуданд.