«Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад,
дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад.
Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи
ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину
сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он
баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Эмомалӣ Раҳмон
АНДЕША: 27-уми июн ҳар сол мардуми баландиқболи саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷашни ваҳдати миллиро бо хушнудӣ ва хушҳолии беандоза таҷлил мекунанд. Иди сулҳу субот ба охиррасии ҷанги шаҳрвандӣ, ғолибияти сулҳ садо медиҳад. Он ҳосили ҷидду ҷаҳд ва кўшишҳои шабонарўзиҳо, натиҷаи ҷонбозиҳои самарабахши сулҳхоҳон аст, муқаддас аст, ки дар тўли ҳафт сол талошҳо, вохӯриҳо, гуфтугузорҳи Пешвои миллат ба ин рўзи пурфайзи оромию ободӣ расидем.
Ин рўзи таърихӣ воқеан ба марҳилаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард.
Бо ташаббус ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон Ваҳдат ғалаба кард. Дар марҳилаи муосири рушди Тоҷикистон мардуми меҳанпарасти Тоҷикистон дар зери ғояи ваҳдати миллӣ дар атрофи Президанти сулҳофарини кишвар сарҷамъ гардида мақсаду мароми оромиву осоиштагӣ муттаҳид гардиданд. Дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ мардум пароканда буд, сарзамини моро тарк мекарданд, пас аз аз таъмини сулҳу оромӣ файзу баракате, гӯё аз нав вориди кишвари мо гашт ва ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон баҳри ободӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии Ватан бо рӯҳу равони ҷонбахш кӯшиш мекарданд.
Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Ин суханҳои аз қаъри дил баён кардаи Пешвои миллат моро водор месозад, ки аз ин зиёд меҳнат кунем, ба қадри сулҳу меҳнат расем, сокинони сазовори ин халқу миллат бошем.
Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, 25 – солагӣ дорад бояд ин дарахт мисли дарахти чанор садсолаҳо бор диҳад, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем.
Ваҳдати миллӣ ибораҳоеянд, ки ҳамеша барои якдилии халқу миллат ва бо аҳли мардум шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозад. Ваҳдат ин сулҳ-ягонагӣ, якдилӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҷонибдори сулҳу осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат ин ба ҳам омадан, сар аз як гиребон баровардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан аст. Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Ваҳдати миллии тоҷикон имрӯз мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилотҳо гардидааст, чунки сулҳи умумибашарии Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои берунмарз ҷонибдорони худро пайдо кард ва дар ҷаҳон овозадор ҳам шуд..
Танҳо ваҳдат метавонад душвориҳо ва монеаҳоро барои паси сар намудан, барои беҳбудӣ рӯзгори мардум, пойдори сулҳ дар кишварамон, дар пиёда кардани нақшаҳои кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ҳиссаи босазо гузошта бошад.
Имрӯз мо тоҷикон ба воситаи муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷӣ кишвар баромаданро дорем. Роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.
Давлате, ки аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад, сабабгори ҳамаи ин Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мекнад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ҳувайдост, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Хушбахтона, пас аз имзои ин созишнома зиндагии мардуми тоҷик дар партави сулҳу ваҳдат гул-гул шукуфта истодааст. Сарвати беҳтарини халқамон, ин ваҳдату ягонагист. Вазифаи мост, ки ин ваҳдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.
Ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. дар ҷомеае, ки дар он сулҳу ваҳдат пойдор аст, ҳеч гоҳ осебе намерасад. Ман бо ифтихор қайд мекунам, ки ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар тамоми ҷаҳон дониста шудааст.
Хулоса, чун як омӯзгори собиқадори бонангу баномус ва баори миллат шукр мекунам, ки дар чунин як давлати сулҳофарин умр ба сар мебарам ва дар тарбияи ҳуввияти миллӣ ба ҷавонони соҳибистиқлол дарс мегӯям, бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам мефахраму меболам. Дар ин сарзамини ҳамешабаҳор пояи сулҳу осоиштагӣ мустаҳкам гашта, мардумаш дар зери шиори “Сулҳу ваҳдат мароми мост” умр ба сар барад.
Таваҷҷуҳи ҷавононро дар бораи суръати баланди рушди саноат, истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, иҷрои барномаҳои миёнамуҳлати мамлакат, кишоварзӣ ва ғайраҳо ҷалб намоем.
Темирова Х.И. муовини раиси КИИ ҲХДТ
ба номи “М.Осимӣ” – и шаҳри Хуҷанд