Дили фитодаеро шод кардан дар арафаи иду айём худ кори савоб аст. Ҳамасола бо иқдоми неки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба оилаҳои камбизоат, кӯдакони маъюб, шахсони ниёзманд ва ба ин кишри ҷомеа ғамхориҳо зоҳир гардида, кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.
Бахшида ба соли нави мелодӣ якчанд оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб аз тарафи раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Наим Маликисломӣ аёдат карда шуда, ба эшон маводи озуқа ва тӯҳфаҳои солинавӣ дастрас карда шуд.
Аз ин ташаббуси хайрхоҳона аёдатшудагон хеле хурсанд гардида, бо шукргузорӣ барои ободиву сулҳу амонии Тоҷикистони азизамон даст бар дуо бардоштанд.