Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Дастгирии кӯдакон дар соли нави хониш

Як бахши муҳими Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин беҳбудӣ бахшидан ба соҳаи  маориф равона гардида, бо мақсади ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбия, таъмини онҳо бо маводи таълимӣ Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ иқдомҳои хубу шоистаро ҳамасола роҳандозӣ менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари кориашон дар шаҳру навоҳии мамлакат пеш аз ҳама бо кӯдакони ятиму бепарастор  вохӯрда  суҳбат мекунанд ва нисбати онҳо барои фарогири таҳсил ва фароҳам овардани  шароит барои донишомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд, то ки кӯдакони ятим  худро танҳо ҳис накунанд ва давлат ҳамеша ғамхору пуштибони онҳост.

 Дар ин радиф барои иҷрои дастуру супоришҳои  Пешвои миллат- Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дасти ёрӣ расонидан ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон  дар ҳар иду айём ва дигар рӯзҳои таърихӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аёдат ва кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад. Кумиҷроия таҳти шиори ҳизб “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” фаъолияти пурсамар дошта, пайваста кӯмаки холисонаи хешро барои қишрҳои ниёзманди ҷомеа дареғ намедорад.

Аз ин лиҳоз чун анъана ҳамасола дар соли таҳсили хониши нав аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аксияи “Нури маърифат” ташкил ва гузаронида мешавад, ки мақсад аз  ин аксия дастгириву ғамхориҳо нисбати кӯдакони камбизоату маъюб, ятим ва ятими кул мебошад. Имсол низ ин аксия дар арафаи оғози соли нави таҳсил баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар иштирок варзида, кӯдаконро бо фарорасии соли таҳсили нав табрик намуданд. Ба онҳо муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки таҳсилро бо баҳои хубу аъло идома дода,  дар оянда барои давлату миллати хеш хидматҳои шоиста  намоянд ва баҳри саҳм гузоштан барои ободии Ватани хеш пайваста дониш омӯзанд ва саъю кӯшиши худро барои илмомӯзӣ сарф намоянд. Зеро ояндаи давлат дар дасти шумо наврасон мебошад.

Дар вазъяти тантанавӣ ба 60 нафар кӯдакони ятим ва ятими кул ҷузвдони мактабӣ ва лавозимотҳои хониш тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *