Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Дастгирии кӯдакон ояндаи дурахшон

Пояи асосии рушди кишвар аз вазъи соҳаи маориф вобастагии калон дорад. Як бахши муҳими Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба беҳбудибахшии мактабу маориф равона гардида, бо мақсади ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбия, таъмини онҳо бо маводи таълимӣ Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ иқдомҳои хубу шоистаро ҳамасола роҳандозӣ менамояд. Аксияи “Нури маърифат” аз ҷумлаи чунин ташаббусҳо буда, он ҳамасола дар остонаи соли нави хониш дар сатҳи баланд доир карда мешавад.

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии ҳизб субҳи имрӯз дар толори маҷлисгоҳи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо иштироки 60 нафар кӯдакони аз оилаҳои камбизоату ниёзманд ва имконияташон маҳдуд аксияи “Нури маърифат” доир карда шуд.

Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар зимни ифтитоҳи чорабинӣ аз дастгириҳои давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нисбати насли наврас ёдовар шуда, афзуданд, ки дар сатҳи давлат ва Ҳукумат чандин барномаҳо барои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, тақвияти забономӯзии толибилмон қабул шуда, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар якчанд иншоотҳои соҳаи маориф мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамасола доир намудани аксияи “Нури маърифат” бозгӯи он аст, ки насли наврас ҳамеша дар паноҳи ҳизб қарор дорад. Танҳо насли ояндасозро мебояд, ки хуб таҳсил намоянду барои баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ саъю талош варзанд.

Дар идомаи чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ ба кӯдакону наврасон лавозимоти хониш аз қабили ҷувздон, ручка, дафтар, қалам ва албом, инчунин барои пешгири намудани бемории сирояти маводҳои антисептикӣ ва ниқоб тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *