Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Дидорбинии собиқадорон дар арафаи ҷашни Истиқлол

Имрӯзҳо мардуми шарафманди кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳарии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сарбаландӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу амонӣ пешвоз мегиранд.                                                                      

 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  низ зодаи давраи Истиқлол буда, бо иқдом ва ташаббуси Пешвои миллат таъсис ёфт ва дар давоми фаъолияти худ ба якчанд дастовардҳо ноил гардид ва дар пойдории ин рӯйдоди муҳими таърихӣ нақши муассир гузошта истодааст.

Бояд қайд намуд, ки маҳз бо талошу заҳматҳои пайвастаи собиқадорони меҳнат имрӯз мо дар давлати тинҷу ором ва ободу зебо умр ба сар мебарем. Бо назардошти ин ва тибқи ҳадафҳои Оинномавии ҳизб Кумиҷроияи шаҳрӣ тасмими гирифтааст, ки дар ҳар иду ҷашнҳо дидорбинии собиқадоронро ба роҳ монад.

Дар ин радиф дар арафаи пешвозгирии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ба дидорбинии якчанд нафар собиқадорони ҳизб рафта, онҳоро бо ҷашни миллӣ табрику муборакбод ва намуданд ва барои хизматҳои шоистаашон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуданд.

Аз ин икдоми пешгирифтаи кумиҷроия собиқадорон хеле хушҳол гардида, бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу ором миннатдории хешро баён доштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *