Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: Доир ба хиёнатҳои ташкилоти экстрамистиву террористии ҳизби наҳзати ислом

МАҚОЛА: Аз даврони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мешавад. Дар ин давра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тараққиёт ва рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ як зумра қонунҳо, қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд,

Ҳар гуна тағйироте, ки дар ҷаҳони пуртазод ба вуҷуд меояд, тасири он хоҳу нохоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мерасад. Маҳз бо назардошти чунин воқеоти ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сиёсати байналмиллалӣ аз номи мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро доранд, пайваста дар баромадҳояшон аз минбари созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ перомуни хатарҳои таҳдидкунанда ба амнияти ҷаҳон ва суботу оромии сокинони сайёра ибрози назар менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон, озодии виҷдон, яъне озодӣ, пайравӣ ба динро муҳайё намуд. Ҳар қадар дар ҷомеа барои одамон озодиҳои демократӣ бештар муҳайё гардад, сатҳи муайяни шуурнокии сиёсиву мафкуравии онҳо инкишоф ёфта, доираи ҳуқуку озодиҳои онҳо васеъ мешавад.

Имрўзҳо дар сомонаҳои интернет нафароне фаъолият мебаранд, ки худро бо ном рўзноманигору журналист номида, бо мақсади дар ҷомеа иғвоандозӣ дар саҳифаҳои рўзномаву расонаҳои интернетӣ нисбати давлату ҳукумати Тоҷикистон ҳар гуна суханҳои бардурўғ менависанд. Бояд қайд намуд, ки ин шахсон ҳаминро дарк намоянд, ки онҳоро қувваҳои бегона барои манфиати худ истифода мебаранд ва ҳамин ки онҳо ба мақсади нопоки худ мерасанд, эшонро аз хотир мебароранд.

Аз ин лиҳоз, ба ин шахсони мутаҳамму беинсоф, гуфтанием, ки сухангўиву иғвоангезандаи беасоси худро хотима дода, хулосаи даркорӣ бароранд ва ҳаминро нағз ба эътибор гиранд, ки халқу миллати тоҷик дигар фирефтаи ин гуна шахсони хоину беватан, беинсофу беадолат нашаванд ва ба қадри сулҳу субот, ваҳдату ягонагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа расанд. Аксарияти халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири худро дар бунёди давлати дунявӣ мебинад, бинобар ин ҳеҷ шахс ё гурўҳ ҳуқуқи бо роҳи зўрӣ ва ғайриқонунӣ, иродаи ғоя ва тарзи зиндагии худро ба мардум бор кардан ва ё ҷорӣ карданро надорад. Дар ҷамъият ақидаҳои гуногун, динҳои мухталиф, рўзномаву маҷаллаҳо озодона, фаъолият карда метавонанд, танҳо ба шарте, ки мухолифи қонуни давлат ва сохтори он набошанд.

Пас дар шароити мураккаб ва печидае, ки имрӯз сайёраро фаро гирифтааст, вазифаи ҷонии мо аз он иборат аст, ки ҳама якдилу якмаром паҳлў ба паҳлў истода, пайи ободиву гул-гулшукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми хешро гузорем. Дар асл худшиносу ватандўсти асил бошем ва фирефтаи ҳар гуна дасисабозиҳои ТЭТ ҲНИ ва гурезаву хоинони давлату миллат нагардем. Чунки имрӯзҳо намояндагони он аз берун истода кўшиш намуда истодаанд, ки оромиву осудагии мамлакати моро халалдор созанд. Аммо онҳо ҳаминро бояд дарк кунанд, ки мо аз таърихи талхи гузаштаи начандон дури худ сабақи даркорӣ гирифтаем ва дигар фирефтаи суханҳои иғвоангезандаи ин гурӯҳҳои xиноятпеша намешавем.

Масъалаи амалҳои ғайриинсонии ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ, ки дар ҷаҳон рўз аз рўз оромию осоиштагии мардумро халалдор карданӣ мешаванд, мо аҳли зиёро ба ташвиш меорад. Бояд тазаккур дод, ки ин ташкилоти ТЭТ бо амалҳои бешарафонаю ноинсофона ва сиёҳдилонаашон мехоҳанд мардуми осоиштаро бо ҳам ба иғво андозанд. Тухми кинаву адоватро нисбати халқу ватан хусусан, дар вуҷуди ҷавонон кишт кунанд. Онҳоро ба доми худ кашида раҳгум намоянд, ба кўчаи сарсониву саргардонӣ ҳидоят кунанд.

Мутаассифона, ин зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон бештар доман паҳн мекунад ва тақдири ҳазорҳо ҷавонон қурбони беадолатиҳо мегарданд. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ватандору меҳанпарвар ҳушёрию зиракиро набояд аз даст диҳад.

Воқеан дар назди ҳар фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳое истодаанд, ки мебояд онро шиори рўз намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», «Стратегияи давлатии мубориза бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ҳар шаҳрванди моро водор мекунад, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ дошта бошем. Дар ботин, сурату сирати хеш боварӣ ба ояндаи некро таҷассум карда тавонем. Дар қалби ҷавонон хислатҳои ҳамидаи инсонпарварона, меҳандўстона, меҳнатқариниву эътимоди комилро парварида тавонем.

Ҳамагонро мусаллам аст, ки Тоҷикистон рўзҳои мудҳиштарин – ҷанги шаҳрвандӣ, ҷанги бемаънию сарсонию саргардониро аз сар гузаронидааст. Имрўз сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амниятро соҳиб ҳастем. Ин пешравиҳо, комёбиҳои ба дастовардаи давлату ҳукумат ба осонӣ наомадааст. Ба қадри неъмат, ба қадри оромию осудагӣ бояд расид. Шукрона хонем, ки дар мулки шукуфон, давлати соҳибистиқлол – Тоҷикистон зиндагӣ мекунем.

Хоҷаева М. И.- аъзои

Кумитаи ичроияи ибтидоии

«Сомон» – и шахри Хучанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *