Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ИДОМАИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР МАҲАЛЛАҲИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Тибқи нақшаи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба шарҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ имрӯз вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи “Навбаҳор”- и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Шафақ” Назокат Юсуфова ширкат варзида, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро шарҳ дод. Мавсуф зимни суханронии хеш афзуд, ки Паёми Пешвои миллат барои мо мардум роҳнамо ба сӯи ояндаи нек буда, ҳадаф аз он беҳбудии рӯзгори мардум, расидан ба зиндагии шоиста, дар корҳои созандиву бунёдкорӣ ва ободонӣ  саҳм гузоштан, нисбати хоинони ватан бетарафӣ зоҳир накардан ва муҳимтар аз ҳама некӯаҳволии мардум ва пойдории сулҳу оромӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.

Мақсад аз ташкил ва баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо байни аҳолӣ ин бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ ва пешгирӣ намудани ҳаргуна корҳои номатлуб  дар байни ҷавонон буда, ба ин васила мо метавонем, Тоҷикистони саҳибистиқлоламонро боз ҳам ободтару зеботар намоем ва  дар рушду нумӯи он саҳми арзандаи хешро гузорем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *