Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Истиқлолият бахти мо

Дар тамоми кишрҳои ҷомеа ва корхонаву ташкилотҳо баҳри бошукуҳ ва ботантана истиқбол гирифтани 30 солагии Истиқлололи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия чорабиниҳои тантанавӣ доир гардид.

Рӯзи гузашта дар ташкилоти ибтидоии “Нур” бахшида ба тачлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ адабӣ таҳти унвони “Истиқлолият бахти мо” баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мадинахон Салимзода, муовини кумитаи иҷроияи ҲИЗБИ Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева, устоди ДДХ ба номи Б.Ғафуров Зеварой Бобоева, раиси ташкилоти ибтидоии “Нур” Раъно Холматова ва аъзоёни фаъоли ҳизб иштирок доштанд.

Мадинахон Салимзода муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд табрикоти раиси КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохонро ба саҳми ҳозирин расонид.

Сипас номаи муборакбодии раиси КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар қироат намуда, зикр шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун нерӯи тавоно ва замони соҳибистиқлолии мамлакат зуҳур карда, масъулияти худро барои ободии имрӯзу фардои Ватану миллат ва таъмини зиндагии шоистаи ҷомеа ба хубӣ дарк намуда, эълон намудааст, ки самти ҳаракаташ дар роҳи бунёди давлати босубот ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаю кафили шароити ҳатмии иҷтимоии шаҳрвандон тағйирнопазир ва бебозгашт аст мегардад.

Ҳамчунин Зеварой Бобоева устоди ДДХ ба номи акдемик Б.Ғафуров аз дастовардҳои Истиқлолият ҳарф зад ва иброз дошт, ҳамаи мо шукрона кунем, ки дар давлати тинҷу ором ва ободу зебо умр ба сар мебарем ва шукронаи онро намоем, ки Пешвои муаззами давлат Эмомалӣ Раҳмон барои мо чунин шароитҳои хуби зиндагиро муҳайё кардаанд.

Дар охири конференсия раиси ташкилоти ибтидоии “ Нур” Раъно Холматова бо Сипосномаи КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *