Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Истиқлоли давлатӣ -омили муҳими рушди соҳаи варзиш

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ  ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик заминаи мусоид фароҳам омад. Истиқлолияти  кишвар барои рушди соҳаи варзиш шароит фароҳам сохт, ки ҷавонону  варзишгарони кишвар бо иштирок дар мусобиқаҳои ҷаҳониву байналмилалӣ  миллату давлатамонро байни дигар халқиятҳои ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Миллати ҷисман солим руҳан низ солиму муқтадир мешавад”. Бо назардошти аҳамият ва муҳимияти соҳибистиқлоли ба масоили марбут ба тарбияи ҷисмонӣ  ва варзиш таваҷҷуҳи  хосса зоҳир гардад. Воқеан, Истиқлолияти  давлатӣ ҳамчун дастоварди нодири миллати тоҷик тавонист, ки ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва фароҳам омадани имкониятҳои  васеи варзишӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Тавре Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд: “Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи  бештар зоҳир намоем, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ, воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад”.

Тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш баҳри солимгардонии рӯҳу тан бояд яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа бошад. Зеро дар давлатӣ  сохибистиклоли мо барои рушди варзиш ва машғул гардидан ба он тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Ҳадафи асосии мо амалӣ кардани сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон ва варзиш, пеш аз ҳама, тарбия намудани ҷавонӣ худшиносу худогох,, донишманду созанда, соҳибмаълумоту соҳибкасб, аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ  обутобёфта ва бо ҳамин роҳ ба вуҷуд овардани заминаи боэътимод барои ҷомеаи ояндаи Тоҷикистон мебошад.

     Боиси хушнудист, ки дар шароити имрузаи рушд, варзиш машғулияти асосии мардум, бахусус наврасону ҷавонон гардида, дар ин замина варзишгарони тоҷик  борҳо дар мусобиқаҳои  сатҳи байналмилалӣ Парчами миллии кишварамонро баланд бардоштаанд.

Ёқубзода Ҳасан – аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *