Рубрики
Uncategorized

Хуҷанд: Иқдоми хайрхоҳона

Моҳи мубораки Рамазон бо нуру саховаташ хонадони ҳар яки мову шуморо файзрезӣ карда истодааст. Дар ин моҳ ҳама мехоҳад корҳои савобро ҳарчи бештар кунад, зеро ки ҷавоби корҳои нек дар ин моҳи муборак ҳаҷри зиёд дорад. Гуноҳҳои ҳамдигарро бахшидан, дидорбинии инсонҳои куҳансолу собиқадорони меҳант, дасти ёрӣ расонидан ба ашхоси ниёзманд, хабаргирии ятимону маъюбон ва шахсони яккуву танҳо аз фазилатҳои неки ин моҳ мебошад.

Бо иқдоми ҳайрхоҳонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Иди Саиди Фитр якчанд оилаҳои ниёманди шаҳри Хуҷанд бо маводи озуқа аёдат карда шуданд.

Раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар шахсан ба хонаводаи ҳар яки ин оилаҳо рафта, аз ҳолу аҳволи эшон пурсон шуд ва онҳоро бо фарорасии Иди Саиди Фитр табрик кард. Аёдаткардашудагон низ ҷавобан ба ғамхориҳои  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва шахсан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ баён намуда, бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу ором баҳри ободиву пойдории сулҳи кишварамон дасти дуо бардоштанд.

Бояд зикр намуд, ки  шахсони яккуву танҳо, маъюбон ва қишрҳои ниёзманди ҷомеаи шаҳри Хуҷанд  бо иқдоми хайрхоҳона ва некбинонаи кумиҷроияи шаҳр дар ҳар иду айём бархурдор буда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида  мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *