Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛӢ – ЗАМИНАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

Аз рӯйи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд хониши сиёсӣ ҳар моҳ дар мавзӯъҳои мухталиф дар ҳамаи Кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизб гузаронида мешавад.

Ин навбат дар мавзӯи “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ – заминаи сулҳи тоҷикон” дар ташкилоти ибтидоии “Умедбахш”, “Хонаи кӯдакон”, “Хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона”, “Омор” ва “Кумитаи маҳаллаи Хуҷанд” дар доираи васеъи аъзоёни фаъоли ҳизб  баргузор гардид. Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотии кумиҷроияи шаҳр оиди мавзӯи мазкур баромад намуда, изҳор доштанд, ки арзиш ва муҳимияти сулҳи деринтизори мо хоссатан дар марҳилае, ки кишвари мо пешорӯи ҷашни барои ҳар як мардуми тоҷик азизу муқаддас 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар зуҳур меёбад. Зеро дар ин Анҷумани саодатофар тақдир барои миллати мо шахсеро эҳдо кард, ки сарнавишти миллат бар дӯши ӯ буд. Ва ин инсони шариф марди дар роҳи саодати миллат вафодор тавонист, миллатро сарҷамъ кунад ва барои наслҳои оянда як мамалакати ободу озодро ба мерос гузорад.

Мусаллам аст, ки ҳар чи қадар мо ин ҷашни таърихиро бо ҳама шукуҳу шаҳоматаш таҷлил намоем, нақши Пешвои миллат ҳамонгуна равшану мунаввар падидор мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *