Рубрики
Uncategorized

Хуҷанд: Конститутсия-пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон

Дар Кумитаи иҷрояи  ибтидоии  «Инқилоб»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Хуҷанд чорабинии идона, бахшида ба 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғоз  раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Инқилоб” н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, устодону донишҷӯёнро бо ин санаи муҳим табрик намуд.

Таъкид гардид, ки санаи 6 ноябри соли 1999 барои тамоми мардуми тоҷик яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар хамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 27 солагии онро ҷашн хоҳем гирифт. Ин сана барои мардуми мо, як санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ифтихори ҷашни бузурги 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин саҳми арзанда дар корҳои ободонию созандагии бинои таълимии нав як қатор устодон ва кормандон бо нишони «Аълочии кооператсияи матлубот» ва Ифтихорномаи Иттифоқи Тоҷикматлубот, инчунин Сипосномаи раёсати донишкада қадрдонӣ карда шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ Абдуллоева Дилором дар мавзӯи «Мавқеи Конститутсия дар инкишофи давлатдории тоҷикон» маърӯзаи пурмӯҳтаво намуд.

Баъдан, аъзои Ташкилоти ҷамъияти ҷавонон “Созандагони Ватан” Мунавваров Сайфиддин таҳти унвони «Аз таърихи қабул ва рушди Конститутсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ дар байни донишҷӯёни ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ озмуни «Донандаи беҳтарини Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд. Донишҷӯён ба дастаҳои «Фемида», «Ҳифзкунандагони Конститутсия» ва «Танзим» тақсим шуда, байни ҳам аз рӯи чор шарт рақобат намуданд.

Дар охири чорабинӣ донишҷӯёни фаъоли озмун бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *