Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Корҳои тарғиботӣ бо сокинони маҳаллаи шаҳри Хуҷанд

Бо мақсади баланд бардоштани некуаҳволии мардум  ва зиндагии шоиста вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони шаҳр  баргузор гардида истодааст.

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаҳои “Тути калон”, “Чорчароғ” ва “Раззоқ” оиди омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои ифротгароӣ ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ гузаронида шуд.

 Дар вохӯрии мазкур  муовини раиси  кумиҷрияи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева, роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов, мудири бахши омори кумиҷроия  Баҳодурхон Бахтиёрзода ва аъзоҳои гурӯҳи тарғиботӣ – ташвиқотӣ иштирок намуда, перомуни мавзӯъҳои дар боло зикргардида баромад карданд.  Аз сокинони маҳаллаҳо даъват ба амал оварданд, ки нисбати пешгирии ҳаргуна ҳодасаҳои номатлуб бетарафӣ зоҳир накарда, корҳои фаҳмондадиҳиро байни ҷавонон бисёртар ба роҳ монданд ва баҳри пешрафт ва ободонии маҳалли зист саҳмгузор бошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *