Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: Лидерони Бадахшониро таҳаммулпазирӣ мебояд

Тибқи  иттилои расонаҳо ба наздикӣ  дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон каме нооромӣ ба мушоҳида расид, ки амнияти минтақаро ноором намуд. Дар Хоруғ ва атрофи он дар пайи муноқишаи ахири байни кормандони милиса ва одамони Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон, ки рӯзи 14 ноябр дар як посгоҳи БДА сурат гирифт, ноором шуд.

Тарафдорони Мамадбоқир чунин мепиндоранд, ки мақомот гӯё нақшаи боздошти ӯро доранд ва барои ин баҳона меҷӯянд. Ба ақидаи онҳо, муноқиша дар посгоҳ низ ба ҳамин мақсад будааст.

Тарафдорони Мамадбоқир баъди ин ҳодиса дар маҳаллаи Бархоруғ, ки ин лидери ғайрирасмии минтақа дар ҳамин маҳалла зиндагӣ мекунад ва обрӯи баланд дорад ва ҳамчунин дар маҳаллаи УПД, ки таҳти назорати одамони Имумназар Имумназаров қарор дорад, ба хотири пешгирӣ аз амалиёти вижа барои боздошти Мамадбоқир навбатдорӣ ташкил кардаанд ва дар сурати пайдо шудани мошинҳо ё афроди шубҳабарангез зуд ҳамаро хабар мекунанд.

Инчунин дигар лидерони ғайрирасмии минтақа, аз ҷумла Толиб Аёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов низ хостаанд вазъиятро якҷоя ҳал намоянд. Дар Хоруғ ҳамчунин сарусадоҳое паҳн шудаанд, ки гӯё барканории Ёдгор Файзов аз мақоми раиси ВМКБ низ ба қазияи Мамадбоқир Мамадбоқиров рабт дорад ва Файзов гӯё нақшаи боздошту зиндонӣ кардани ӯро хатарнок номида, напазируфтааст. Худи Мамадбоқир то ҳол дар бораи қазияи ахир изҳори назар накардааст, вале ба гуфтаи шоҳидон, ҳамон рӯз ӯ иттифоқан танҳо ҳаракат доштааст ва кормандони БДА мошини ӯро манъ карда, Мамадбоқирро гӯё барои он ки маст мошин меронд, дастгир кардаанд. Баъди он, ки одамони вай пайдо шуда, лидерашонро аз дасти милисаҳо кашида гирифтанд, байни Мамадбоқир ва як мақоми бахши кофтукови ҷиноии РВКД Бадахшон мунозираи лафзӣ рух додааст ва дар посух ба суханони таҳдидомези афсари милиса Мамадбоқир гӯё ба рӯи вай туф кардааст. Баъди ин байни кормандони милиса ва одамони Мамадбоқир занозанӣ сар зада, яке аз кормандони милисаро ҳатто бо табар захмӣ кардаанд.

Мамадбоқир Мамадбоқиров, ки 58 сол дорад, яке аз 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон аст, ки мақомоти ҳукумати Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2018 бо онҳо огоҳии вижаеро имзо карданд. Бар асоси он санад, лидерҳои Бадахшон уҳдадор шуданд, ки  аз амалҳое, чун ташкил ва раҳбарии гуруҳҳои ҷиноӣ, даъват ва ҷалби ҷавонон ба бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби биноҳои давлатӣ, таҳқири намояндагони давлат, авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, “сходка”, ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба зидди амнияти давлату ҷомеа, қасдан несту нобуд кардани молу мулк даст мекашанд, вагарна ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашонда хоҳанд шуд. Зери он санад се сол пеш Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров, Мунаввар Шанбиев, Зоир Раҷабов ва Амриддин Аловатшоев имзо гузошта буданд.

Ҳамзамон, маврид ба ёдоварист, ки бино ба маълумоти Прокуратураи ВМКБ 25 ноябри соли 2021, соати 11:30, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба  боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид.

Яъне як ҷинояткор ҳангоми боздошт бар зидди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз яроқи худ оташ кушода, дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардида, дар натиҷа ҳалок гардидааст.

Ҳамин ҳодисаро, хоинони миллат аъзоёни ТЭТ ҲНИТ дар расонаҳои хабарӣ чунон ба таври воҳима нишон дода истодаанд, ки гӯё дар тамоми ВМКБ як митингу ҷанг бошад. Вобаста ба ин, моро мебояд ба суханҳои ин хоинон ҳаргиз бовар накунем ва тинҷиҷу оромиро дар кишвар нигоҳ дорем.

Мирниёзов А.Қ.-аъзои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *