Рубрики
Асосӣ

Хуҷанд: Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии “Тошхоҷа Асирӣ”

       Дар ташкилоти ибтидоии “Тошхоҷа Асирӣ” – и шахри Хучанд мачлиси хисоботӣ- интихоботӣ доир гардид. Дар маҷлиси мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар иштирок доштанд.

Раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Баҳром Мирсаидов маҷлисро ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолият ва бурду бохти ташкилоти ибтидоии “Тошхоҷа Асирӣ” дар назди ҳозирин маълумот дод ва вазифаҳо дар фаъолияти босамари минбаъдаро пешниҳод кард.

    Баъд аз шунидани хисобот ду нафар фаъолон ба музокира баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро каноатбахш хисобиданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни баромади хеш иброз намуд, ки ташкилоти ибтидои асоси ҳизб буда, дар амали намудани ҳадафҳои созандаи ҳизб саҳми муносиб доранд. Аз ҷониби Раиси кумиҷроияи вилояти таъкид ба амал оварда шуд, ки дар шароити имрӯза бояд хар як аъзои ҲХДТ зиракии сиёсиро аз даст надода, барои нигаҳдории сулҳу суббот кушиш ба харҷ диҳанд.

     Дар ҷараёни маҷлис масъалаи қабули нақшаи кории ташкилоти ибтидои барои нимсолаи дуюми соли 2022, интихоботи раиси ташкилот, интихоби вакил ба Конференсияи шаҳри ҳизб мавриди барраси карор дода шуд.

     Дар охир якчанд нафар фаъолон бо Сипоснома ва тухфаи кумиҷроияи шаҳрӣ кадрдони гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *