Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии “Аловиддин Бобоев”

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба гузаронидани маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Аловиддин Бобоев” барпо гардид.

Дар кори он намоянда аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд сармуттахассиси шуъбаи ташкилии КИ ХҲДТ дар вилояти Суғд Махинахон Боқиева, аъзоёни раёсат ва пешсафони ҳизб иштирок доштанд.

Раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Рафоат Бегматова маҷлисро ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолият ва бурду бохти яксолаи ташкилоти ибтидоии “Аловиддин Бобоев” дар назди ҳозирин маълумот дод ва вазифаҳо дар фаъолияти босамари минбаъда пешниҳод кард.

Дар рафти маҷлис яке аз аъзои фаъоли ҳизб ба музокира баромада, якчанд пешниҳоду дарсхостҳо қабул карда шуд, ки он саривақтӣ буда, аз тарафи раёсат низ дастгирӣ гардид ва барои амалишавии он дар оянда чораҳои зарурӣ дида мешавад.

Бо ҳамин маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ хуб арзёбӣ гардида, ба кори худ хотима бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *