Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба гузаронидани маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Хонаи пиронсолон” барпо гардид.
Дар кори он намоянда аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мудири бахши умумӣ ва назорати кумиҷроияи шаҳр Якубов Абдумуталиб, мутахассиси шуъбаи таблиғоти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Ёсуман Ахмедова ва аъзоёни раёсат ва пешсафони ҳизб иштирок доштанд.
Раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Зуҳуров Абдуазиз маҷлисро ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолият ва бурду бохти яксолаи ташкилоти ибтидоии “Хонаи пиронсолон” дар назди ҳозирин маълумот дод ва вазифаҳо дар фаъолияти босамари минбаъда пешниҳод кард.
Дар рафти маҷлис яке аз аъзои фаъоли ҳизб ба музокира баромада, якчанд пешниҳоду дарсхостҳо қабул карда шуд, ки он саривақтӣ буда, аз тарафи раёсат низ дастгирӣ гардид ва барои амалишавии он дар оянда чораҳои зарурӣ дида мешавад.
Бо ҳамин маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ хуб арзёбӣ гардида, ба кори худ хотима бахшид.