Рубрики
Асосӣ

Хуҷанд: Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии “Раҳим Ҷалил”

 Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба гузаронидани маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Раҳим Ҷалил” дар назди гимназияи №4 барпо гардид.

Дар кори намояндаи аз  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мудири шуъбаи омор Бахтиёрзода Баҳодурхон,  аъзоёни раёсат ва пешсафони ҳизб иштирок доштанд.

Раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Шариплв А.А маҷлисро ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолият ва бурду бохти яксолаи ташкилоти ибтидоии “Раҳим Ҷалил” дар назди ҳозирин маълумот дод ва вазифаҳо дар фаъолияти босамари минбаъда пешниҳод кард.

Дар рафти маҷлис яке аз аъзои фаъоли ҳизб ба музокира баромада, якчанд пешниҳоду дарсхостҳо қабул карда шуд, ки он саривақтӣ буда, аз тарафи раёсат низ дастгирӣ гардид ва барои амалишавии  он  дар оянда чораҳои зарурӣ дида мешавад.

Бо ҳамин маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ хуб арзёбӣ гардида, ба кори худ хотима бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *