Рубрики
Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

ХУҶАНД: МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ХУШБАХТӢ”

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба гузаронидани маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо маром идома дорад. 

Имрӯз санаи 12-уми июни соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии “Хушбахтӣ” дар назди Муассисаи таҳсилоти томактабии №18 маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ гузаронида шуд, ки дар кори он намояндаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Дилрабо Қурбонова ва аъзоёни фаъоли ташкилоти мазкур  иштирок доштанд.

Нахуст маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоӣ ифтитоҳ намуда,  ҳисоботи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 баррасӣ намуда, инчунин  вазифаҳо барои фаъолияти соли минбаъдаро пешниҳод намуд.

Ҳамзамон намояндаи кумиҷроияи шаҳрӣ вобаста  ба фаъолияти ҲХДТ баромад карда, таъкид намуд, ки вазъи ҳозираи сиёсии кишвар аз ҳарвақта дида бештар тақозо менамояд, ки ҳар як аъзои ҳизб садоқати худро ба ғояҳои волои он нишон дода, нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу суббот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона созад.

Дар фарҷоми Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ якчанд нафар  фаъолони ҳизбро ба гирифтани Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд пешниҳод намудан.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *