Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: МО – ҶАВОНОНИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛЕМ

Мо чавонон калби бедори Ватан

Саф ба саф хар руз дар кори Ватан

Мо иваз кардан намехохем хеч

Бо гули мулки дигар хори Ватан

9-уми сентябрро ҳамчун рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегирем. Зеро Истиқлолият ин армони ҳазорсолаи миллӣ ва дастоварди бебаҳои таърих аст. Маҳз заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо имрӯз хушбахттарин ворисони замонем.

  Истиқлолият яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик дар масири таърих ба ҳисоб меравад.

  Албатта, Истиқлолият ба мо ҷавонон озодӣ дод. Барои мо кофӣ аст, ки озодона ҳар ҷое мехоҳем меравему дар ин ва ё он сохтор фаъолият кунем.

 Имрӯз мо баробари дигар қишри ҷомеа бо дасту дили гарм пайи кору пайкорем ва дар зери ливои Истиқлолияту Ваҳдат бо боварии комил ба сӯйи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузорем.Истиқлолият ба ҷавонон имкониятҳои васеъ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ташаккули шахсияти комил ва озодии афкорро дод. Истиқлолият шароит фароҳам сохт, то ҷавонон эҳёгари фарҳанги миллии хеш бошанд. Имрӯз хушбахтона ҷавонони тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ аз як гиребон сар бароварда, сарбаландона меҳнат мекунанд, дониш меомӯзанд ва бинои ояндаи дурахшони худро бунёд месозанд. Кишвари соҳибистиқлол барои мо тамоми шароитро муҳайё гардонидааст. Ҳамчун фарди зодаи замони соҳибистиқлолии кишвар ва пайрави асилу содиқи Пешвои муаззами миллат ҳамаҷониба талош дорам, ки илму дониш омӯхта, баҳри ободию осудагии диёр саҳм гузорам.

  Мо аз он ифтихормандем, ки ҷавонон дар меҳвари сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат қарор дорем. Дидаҳо диданд, сарҳо тафаккуру фаҳм карданд, ки дар самои даврон шахсияти Эмомалӣ Раҳмон барои миллат раҳнамои воқеист, зеро Роҳбари давлат ҷонфидои ин халқу Ватананд. Мо – ҷавонон низ дар роҳи хизмат ба халқу Ватан мисли Пешвои миллат ҳастии худро фидо мекунем.

АБДУНАБИЗОДА САИДАХОН– гирандаи стипендияи Президенти, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” – и шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *