Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: “Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем”

Аксияи  умумивилоятии Рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони “Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем”дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  аз  санаи 12.10.2021  таҳти №85 ва нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар қисми ҳарбии 35-01-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”- шаҳри Хуҷанд аксия таҳти унвони “Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем” ба муносибати маъракаи тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ доир гардид. Дар маросими кушодашавии чорабинии мазкур мудирони шӯъбаҳои кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, инчунин кормандони қисми ҳарбии 35-01-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд. Ҳамчунин яке аз модарони сарбоз Сулҳия Муъминова аз номи фаъолзанон ба сухан баромада, ба ҷавонон таъкид кард, ки шумо ҷавонон ояндагони миллат, бояд аз хизмат ба Ватан саркашӣ накунед, баръакс барои ҳимояи Тоҷикистони азизамон ҳамеша омода бошед.

Сипас аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр ва модарон ба сарбозон тӯҳфаҳо ҳадя карда шуд.

Хонандагон ва ҷавонони ташрифоварда аз ҳаёту фаъолияти рӯзмарраи ҳайати шахсӣ дидан намуда, бо реҷаи кори сарбозон шинос гардиданд.

 Ҳадаф аз гузаронидани чунин чорабиниҳо ҷалб намудани ҷавонон ба хизмат буда, дар қалби онҳо бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ ва эҳтиром доштан нисбати Ватани худ мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *