Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: МУАЛЛИМ-РАВШАНГАРИ ДИЛҲО ВА ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ

Санаи 1-уми октябр дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба бузургдошти Рӯзи омӯзгорон, ки ҳамасола дар ҳафтаи аввали моҳи октябр таҷлил карда мешавад, чорабинии адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ меҳмонон аз кумиҷроияҳои ҲХДТ дар вилояти Суғду шаҳри Хуҷанд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро директори донишкада номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. ифтитоҳ намуда, оид ба мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа, нақши созгори мураббӣ дар таълиму тарбияи башарият, раҳнамову раҳкушои зиндагонӣ ва танзимгару тармимгари рӯзгорон будани ӯ андешаҳои ҷолиб иброз намуд.

Мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи МИҲД вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров суханронӣ карда, табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба кулли омӯзгорони донишкада қироат намуд.

Ҳамчунин, намоянда аз кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Абдусабури Абдуваҳҳоб баромад карда, табрикоти раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғдро ба самъи ҳозирин расонид. Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов сухан карда омӯзгорни муассисаро бо Рӯзи бузургдошти омӯзгорон самимона табрику муборакбод гуфт.

Дар чорабинӣ ба устодони донишкада, ки бо мукофотҳои соҳавӣ, илмӣ ва нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардида буданд, тақдим карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби омӯзгорони муассиса ба устодон-собиқ кормандону раҳнамоёни ҳамин даргоҳи муътабар, ки аз онҳо сабақ гирифтаву ба роҳи илму маърифат ҳамвора равонанд, табрикоти самимӣ изҳор ва гулдастаҳои тару тоза супорида шуд.

Аз ҷониби донишҷӯёни факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, хусусан кафедраи назарияи иқтисодӣ, барои болида намудани табъи ҳозирин суруду шеърҳои дилнишин ва саҳначаҳои ҷолиб намоиш дода шуд.

Ҳамин тариқ, чорабинӣ дар фазои идона, ҳусни тафоҳум ва нишоту сурур баргузор гардида, бо як ҷаҳон хотироти неку рангин ба анҷом расид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *