Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Мусобиқаи варзишии «каратэ – до»

Дар доираи чорабиниҳои Аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишии каратэ – до WKF байни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дар варзишгоҳи Мактаби болаёқати шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирмуллоев Назирҷон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосид Ғафуров, устодон ва собиқадорони соҳаи варзиш иштирок доштанд.

Чорабинии варзишӣ дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд, ки мақсад аз он ҷалби наврасону ҷавонон ба соҳаи варзиш, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, пешгири намудани ҳаргуна корҳои ношоям байни ҷавонон буда, ба ин васила бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ дар қалби онҳо мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *