Субҳи имрӯз маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи ташкилоти ибтидоии “Мадад” дар назди Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар кори он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Дамократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, роҳбари Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сулаймон Қосимзода ва аъзоҳои фаъоли ҳизб иштирок доштанд.
Дар кори маҷлис бо овоздиҳии иштирокчиёни маҷлис Сулаймон Қосимзода раиси ташкилоти ибтидоии “Мадад” таъин гардид.
Анварҷон Акрамов муовини раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба фаъолият корӣ ҳисобот дод. Мавсуф дар баромади хеш қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ, барои ду нафар кормандон ҷиҳати харидории роҳхат барои гирифтани табобат аз ҳисоби Кумитаи иттифоқи касаба ба маблағи 1500 сомонӣ ҷудо карда шуда, инчунин кӯмакпулиҳои яквақтаи моддӣ барои 6 нафар собиқадороне, ки ба нафақа баромадаанд барои кӯмак 3000 сомонӣ ҷудо карда шуданд. Пешниҳод гардид, ки барои тамошои мавзеъҳои таърихии вилоят сафарӣ сайёҳӣ барои кормандон дар ҳар се моҳ ташкил мегардад, то ки онҳо аз ободониву бунёдкориҳои гирду атрофи Тоҷикистон бохабар гардида, дидан намоянд.
Гулнора Ғаниева муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Мадад” доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давоми семоҳаи аввали соли 2022 ҳисобот дод. Ӯ зимни баромади хеш зикр намуд, ки аъзои ташкилоти ибтидоии “Мадад” барои истиқболи ҷашнҳои миллӣ хеле фаъол буда, омодагӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ гузаронида шуда истодааст.
Ҳамчунин муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов ва Раиси КМ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муликисломӣ Наим Мунаввар суханронӣ намуда, фаъолияти ташкилотро хуб арзёбӣ карданд ва барои пешбурди кор маслиҳатҳо дода шуд.
Бояд гуфт, ки ташкилоти ибтидоии мазкур 114 нафар аъзо дорад. Дар фарҷоми маҷлис ба 6 нафар фаъолон Сипоснамаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва ба 23 нафар аъзоҳои нав интихоб гардида, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.