Субҳи имрӯз аз рӯйи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба баргузор намудани маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Умедбахш” дар назди беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд барпо гардид.
Дар кори маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, муовини раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева, аъзоёни раёсат ва пешсафони ҳизб иштирок доштанд.
Раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Фирдавс Муллоев маҷлисро ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолият ва бурду бохти яксолаи ташкилоти ибтидоии “Умедбахш” дар назди ҳозирин маълумот дод ва вазифаҳо дар фаъолияти босамари минбаъда пешниҳод кард.
Дар рафти маҷлис яке аз аъзои фаъоли ҳизб Ҳакимов Фаррух ба музокира баромада, пешниҳод кард, ки барои ташхис ва табобати кӯдакони имконияташон маҳдуд табобати ройгонро ҷорӣ карда шавад, то ки кӯдакон бевосита аз он истифода бурда, табобатро дар вақташ гирифта бошанд. Пешниҳоди мазкур саривақтӣ буда, аз тарафи раёсат низ дастгирӣ гардид ва барои амалишавии он дар оянда чораҳои зарурӣ дида мешавад.
Бо ҳамин маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии “Умедбахш” хуб арзёбӣ гардида, ба кори худ хотима бахшид.