Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Санаи 1-уми июли соли равон маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар кори он намоянда аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд роҳбари дастгоҳ, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои кумиҷроияи вилоятӣ Фирдавс Салимов, мудири бахши кор бо дин ва танзими ҷашну маросимҳои МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Муҳсин Миркамолов, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарипов, сардори Раёсати маорифи  вилояти Суғд Мадина Набизода, раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок доштанд.

Ҷаласаро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ифтитоҳ намуда, бо рӯзномаи маҷлис хозиринро шинос кард ва оид ба фаъолияти шашмоҳаи кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд ҳисобот дод. Мавсуф дар баромади хеш зикр дошт, ки ба сафи ҳизб ҷалб намудани шахсони арзанда ва бо ин васила пурқувват намудани мавқеи ҳизб дар ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти ҳизбӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ин самт масъулини кумиҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ корҳои амалиро ба сомон расонидаанд. Дар натиҷаи фаъолияти босамар дар ин самт давоми шаш моҳи аввали соли равон 1150 нафар аъзо ба сафи ҳизб дохил шуданд, ки имрӯз шумораи ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд ба 20 ҳазору 45 нафар расида, аз ин шумора 12 ҳазору 674 нафарро занон ва 8 ҳазору 503 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.                                                           Дар ин давра 3 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис ёфт, ки айни ҳол шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ ба 249 адад расид.

Се маротиба давоми моҳҳои май ва июни соли 2022 семинари дастурдиҳӣ оид ба баргузории маъракаи ҳисоботӣ – интихоботӣ дар моҳҳои июн ва июли соли равон  барои раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  гузаронида шуд, ки дар онҳо раисон ва масъулини ҳамаи 248 ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуда, дастурҳо гирифтанд.

Кумиҷроия ҳамасола тибқи нақшаи кории худ ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои сиёсӣ, оммавӣ ва фарҳангӣ корҳои назаррасро ба сомон мерасонад. Давоми моҳҳои сипаришудаи соли 2022 низ як қатор чорабиниҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ, муассисаву корхонаҳо ва кумитаи маҳаллаҳои шаҳр роҳандозӣ гардиданд.

Сипас, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома бо ҷонибдории аъзои кумиҷроия Конфренсияи ҳисоботӣ – интихоботии ҲХДТ дар шҳри Хуҷанд санаи 20 –уми июли соли равон даъват гардида, қарори дахлдор қабул шуд.

Аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис оид ба пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Чорчароғ” №10 ба ҷойи вакили хориҷшуда, номзад аз ҳисоби аъзо ҲХДТ, Боқизода Бахтиёр Маҳмуд пешбарӣ карда шуд.

Бо ҳамин ҷаласаи васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд анҷом ёфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *