Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОМИЛИ РУШДИ МАМЛАКАТ МЕБОШАД

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими мусоидаткунандаи рушди ҷомеа ва рӯйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди кишрҳои ҷомеа вазифаҳои умдаи ҳалталаб мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли равон ва ояндаи наздик таъмин менамояд. Ин матлаб дар ҷамъомаде, ки бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва аъзои гурӯҳи тарѓиботии кумиҷроия Абдумавлон Азимов дар Корхонаи воҳиди давлатии «Автобазаи махсуси санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд баён гардид.

Намояндагони кумиҷроия самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро шарҳ дода, зикр намуданд, ки дар марҳилаи ҳозираи таърихӣ арзишҳои миллӣ аҳамияти махсус пайдо намудаанд. Тарбияи ҷавонони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, худшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, истифодаи самараноки иқтидори зеҳнӣ ва маънавии онҳо ба манфиати ҷомеа буда, масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа маҳсуб меёбанд.

Ҳамчунин, баромадчиён доир ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ сухан ронда, баён доштанд, ки мардумро ба ҳамкории сиёсӣ даъват кардан, онҳоро ба кори давлатдорӣ ҷалб намудан, дар роҳи сулҳу субот, созандагиву ободкорӣ баҳри зиндагии шоиста роҳнамоӣ намудан рисолати аслӣ ва ҳадафи ҷонии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меояд, ки ин масъулият аз рӯзҳои нахустини ҷараёни мушкилу пурихтилофи  сулҳи миёни тоҷикон оғоз гардидаву имрӯз чун як давлати том, озоду обод, демокративу ҳуқуқбунёд назару андешаи аксарияти мардумро ифода намуда, барои амалӣ сохтани мақсадҳои наҷибу созанда талош меварзад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *