Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Паём – зиндагии шоистаи мардум

                         

“Мо талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олии давлат қабул ва амалӣ карда мешаванд.”

Аз Паёми Пешвои миллат 21.12.2021

Нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева, мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Рахмон Заррина Ахадзода

ва аъзо фаъоли гурӯҳи тарғиботӣ – ташвиқотии кумиҷроияи шаҳрӣ устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Зеварой Бобоева дар ташкилоти ибтидоии “Тавонбахш“, устоди ДПДТТ ба номи М.Осимӣ Хайринисо Темирова дар ташкилоти ибтидоии “Қалъаи Хуҷанд”, аъзои кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, доктори илмҳои иқтисодӣ Абдумавлон Азимов, муттахассиси шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Азиза Мирзохоҷаева ва мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маҳлиё Ишанова дар ташкилоти ибтидоии “Лоиқ Шералӣ”, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Боирчон Раҷабов дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк” дар мулоқот бо аъзоёни фаъоли ҳизб шарҳу эзоҳ доданд.

Бояд зикр намуд, ки дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он дарбаргирандаи барномаи мукаммали кори тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад. Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки бо роҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар ҳоли рушду шукуфоӣ ва тараққиёту пешравист.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *