Дар Филиали Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибқории Тоҷиқистон дар вилояти Сугд оид ба шарҳу тавзёҳи нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, Презиенти Ҷумҳурии Тоҷиқистон муҳтарам Эмомали Раҳмон баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, доктори илмҳои иқтисоди, устоди ДИСДДТТ Азимов Абдумавлон, директори Филиали Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибқории Тоҷиқистон Садриддинов Мануҷёҳр ва устоди Донишгоҳи зикршуда Тоҷиддин Тураёв иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, аз ҷониби муовини Раиси КИ ҲҲДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ ба донишҷуёни ин муассисаи навтаъсиси таълимӣ оид ба фаьолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан” маълумот дода шуда, ҷавонони Донишгоҳ барои ҳамкорӣ бо ин ташкилот даъват карда шуданд. Ҳамчунин, қайд гардид, ки ҷавонон қишри ояндасози кишвар буда, дар зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳам дар ҷодаи илмомузӣ ва ҳам дар ҷодаи созандагӣ бояд аз ҳарвақта бештар фаъол бошанд.