Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ПАЁМ – РОҲ БА СӮИ ҲАЁТИ ШОИСТА!

Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯриву мулоқотҳо бо аъзоёни фаъоли ҳизб баргузор гардида истодааст.

Дар ташкилоти ибтидоии “Тавонбахш” дар назди Беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявӣ дар вилояти Суғд мулоқот бо кормандон ва аъзоҳои фаъоли ҳизб гузаронида шуд.

Раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Дилшод Давлатзода маҷлисро ифтитоҳ намуда,  моҳияти Паёми Пешвои миллатро ба онҳо шарҳу эзоҳ дод ва барои расидан ба ҳадафҳои дар Паём баён гардида, аъзоёнро даъват ба амал овард, ки баҳри пешрафту тараққиёти Ватани азизамон ҳиссаи арзандаи хешро гузорем.

Ҳамзамон дар ҷараёни маҷлис Башорат Ҳайдарова котиби масъули ташкилоти ибтидоӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баромад карда, қайд кард, ки Паёми Пешвои миллат  барои мо сокинони кишвар роҳнамо ба сӯи ояндаи дурухшон ва зиндагии шоиста  ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ расидан ба ҳадафҳои хирадмандона ва некбинонаи Сарвари давлат мо аҳли ҷомеа низ дар рушду нумуъ ва ободкориву созандагии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузорем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *