Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Рушди соҳаи варзиш дар даврони 31 соли Истиқлолият

Бешубҳа, варзиш муҳимтарин соҳа ба шумор рафта, кафолати саломатӣ, бардамии ҳар инсон маҳсуб меёбад.

Бешубҳа, дар ҷаҳони муосир чунин қабул шудааст, ки кишвари пешрафтаю муосирро на аз рўи мавҷудияти бунгоҳҳои тиббиву беморхона, балки аз рўи теъдоди иншооти варзишӣ, солимгардонӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, майдончаҳои теннису волейбол муайян мекунанд. Яъне, ҳар кишваре, ки ҳарчи зиёд теъдоди иншооти варзиширо доро мебошад, давлати аҳолиаш солим ва диёраш пешрафта арзёбӣ мегардад.

Сол аз сол афзудани майдончаҳои варзишӣ, омода ва ҷалб намудани мутахассисон, сохта ба истифода додани мактабҳои варзишӣ, дар мусобиқа ва олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намудан, ба дастовардҳо ноил шудан, худ далели он аст, ки ба ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Агар ба таърихи 31-солаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигарем, соҳаи варзиш ба бисёр комёбӣ сазовор гардид. Дар ин солҳо якчанд намуди варзиш рушду нумӯъ ёфту мухлисону ҳаводоронаш афзуд. Инчунин, намудҳои зиёди варзиши чи сабук ва вазнин ба миён омаданд, ки ҷавонону наврасони мо ба онҳо майл доранд. Аз устодони варзиш меомӯзанд, ба нозукиву мушкилии онҳо нигоҳ накарда, машқу тамрин менамоянд ва ба қуллаҳои баланд мерасанд.

Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзишу варзишгарон ва устодони ин соҳа эътимоди комил доранд. Ҳамеша таъкид бар он доранд, ки сафи варзишгаронро зиёд намуд, зеро ба шарофати онон кишвари маҳбубамон ба ҷаҳон муаррифӣ мешавад.

Бояд қайд намуд, ки баъди ба даст овардани истиқлолият дубора ба соҳаи варзиш таваҷҷӯҳ зиёд гашт. Алалхусус, толорҳои варзишие, ки дар замони ҷанги бемаънии дохилӣ талаф ёфта буданду бемақсад истифода мешуданд ва ё валангор хобида буданд, аз нав бунёд гардида, ба варзишгоҳу тамрингоҳи замонавӣ мубаддал гардиданд. Албатта, сохта ба истифода додани толору майдончаҳои варзишӣ, азнавсозиву эҳёгардонии маконҳои машқу тамрин амали бузург аст. Ба ин тадбир маблағу қувваҳои зиёд сарф мешаванд, ки ба гуфтан шояд осон намояд.

Хушбахтона, имрӯз ҷавонону наврасон ба тамоми намуди варзиш дастрасӣ доранд ва устодон низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сафи варзишгарон зиёд гардад.

Воқеан, соҳаи варзиш ба куллӣ дигаргун гаштааст. Аниқтараш масъулин ба ин соҳа аҳамияти беш медиҳанд. Барои ҳарчи бештар ҷалб кардани ҷавонон чора меандешанд. Албатта, ба варзиш пайвастани ҳар шахс қабл аз ҳама аз босаводию бомаърифатии ў дарак медиҳад. Агар инсон зебо, бардам ва ҷавон мондан хоҳад, ҳатман бо варзиш бояд шуғл варзад. Илова ба ин, шӯҳрати кишвари худ, шаҳри худ, номи устоди худу номи худро баланд мебардорад.

Дилшодхон Убайдуллоев Директори Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии захираҳои олимпӣ,, аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *