Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳимояи марзу буми кишвар, дастовардҳои истиқлолият, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро бовар карда, ба шумо – фарзандони далеру шуҷои худ супоридаанд ва дилпуранд, ки шумо аз уҳдаи иҷрои ин рисолат бо сарбаландӣ мебароед.
Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳар яки шумо – фарзандони ғаюру далери Ватан, ба нангу номуси шумо, ба эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии шумо ва азму иродаи ҷавонмардонаи шумо итминони комил дорам.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Ба боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гардидан ҷавонмардони шуҷои тоҷик барои адои қарзи худ бо сари баланд барои муҳофизати марзу буми Ватани азизи худ Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.
Рӯзи 23 – юми феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард.
Ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар Раёсати қӯшунҳои дохилии қисми низомии 3501 чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, ректори Донишгоҳи хуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Муъмин Машшокир, сардори қисми 3501 Ҷабборзода Музаффар, собиқадорони ҳизб, занҳои фаъол, ҷанговарони интернатсоналист, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, наврасону ҷавонони синни даъватӣ иштирок доштанд.
Нахуст Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон сарбозонро ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки ҳифзи Ватан аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як ҷавонмард маҳсуб мешавад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ ҷони худро дареғ намедоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсолӣ ба мо меомӯзонанд, ки он дар хуни мо ҷорист. Бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо дар ин мактаби шуҷоат мардонагӣ омӯзем ва баҳри ҳифзи хоки поки Ватан омода бошем.
Сипас, ректори Донишгоҳи хуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Муъмин Машшокир суханронӣ намуда, бо 29 –солагии Рӯзи Артиши миллӣ муборакбод кард.
Собиқадори ҳизб Ҳамрохон Атаева аз номи фаъолзанон ва модароне, ки фарзандонашон дар хизмат ҳастанд баромад карда, зикр дшт, ки хизмат ба Ватан ин шарафи ҷавонмардӣ буда, вазифаи ҷонӣ ва имонии мо – модарон он аст, ки фарзандонамонро дар руҳияи ватанпарастиву дӯст доштани обу хоки диёр тарбия ва ба камол расем. Мавсуф аз иқдомҳои пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати сафарбар намудани волидони наваскарон ба қисмҳои ҳарбии ҳудуди кишвар истиқбол намуд.
Ба ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ аз ҷониби кумиҷроияи шаҳрии ҳизб тӯҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардид.
Дар рафти баргузории чорабинӣ аз тарафи донишҷӯёни фаъоли коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд расми чанд нафар сарбозон оҷилан кашида шуда, ба онҳо тӯҳфа карда шуд.
Ба хотири боз ҳам хубтар ҷараён гирифтани чорабини тантанавӣ аз ҷониби аҳли ҳунари дастаи “Ошёни меҳр”-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон суруду рақсҳои дилнавоз ба иҷро расонида шуд.