Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Саҳмгузорӣ дар таъмини зиндагии шоиста

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо кумитаи иҷроияи ибтидоии «Инқилоб» дар доираи «Ҳафтаи ҳизб» бахшида ба таҷлили 28 -солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аёдати оилаи ниёзманд ба роҳ монда шуд.

         Дар ин кори хайр раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Инқилоб» дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ва якчанд устодони донишкада ширкат варзида, оилаи аёдатшударо ба муносибати таҷлили 28 -умин солгарди Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ табрику муборакбод намуданд. Ҳамчунин ба оилаи аёдатшуда тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *