Рубрики
Асосӣ

Хуҷанд: Суҳбати самимии ҳизбиён бо иштирокчии Иҷлосияи таърихиву тақдирсози миллат

Имрӯз мардуми шарифи мо бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар умр ба сар мебаранду фаъолияти хешро дар соҳаҳои гуногун пеш бурда истодаанд. Дар пойдории сулҳ ва то ба натиҷаҳои назаррас муваффақ шудан, баҳри  ободкориву бунёдкорӣ ва созандагии кишвари маҳбубамон  саҳми собиқадорон  ва ашхоси ватандӯсту меҳанпараст басо бузург аст. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо фарзандони фарзонааш, ки дар давраҳои мухталиф умр ба сар бурдаанду аз худ нишоне мегузоранд, ҳамеша ифтихор мекунад.  Ғаффор Набиевич аз зумраи он нафаронест, ки тамоми ҳастиашро дар рушду нумӯи  соҳаи саноат бахшидааст. Аз ин лиҳоз ӯро ҳамагон ҳамчун корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии Хуҷанд, вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кимиё мешиносанду эҳтиром мекунанд. Ғаффор Набиевич яке аз иштирокчиёни Иҷлосияи тақдирсоз дар қатори 186 нафар вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз  намояндаҳои шаҳри Хуҷанд буд.

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамҷоя бо намояндаҳои кумиҷроияи вилоятӣ бо роҳбарии Раиси кумиҷроияи шаҳр Бахтиёр Исматҷонов ба аёдати иштирокчии  Иҷлосияи  16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффор Набиевич рафта, шоҳиди нақли воқеаҳои зиндаи он кас аз рафти  баргузории ин рӯйдоди муҳими таърихӣ гардиданд. Ҳамчунин бо эҳтироми хос Ғаффор Набиевич  китоби хешро, ки бо номи “Шоҳроҳи зиндагӣ” нашр гардидааст ба махзани китобхонаи ҳизб тақдим кард.

Бояд зикр намуд, ки вохӯрии мазкур дар доираи идомаи Аксияи ҷумҳуриявии Албом – эстафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат”   бахшида дар арафаи пешвозгирии  30 – солагии Иҷлосияи  16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *