Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ТАВАҶҶӮҲ БА РУШДИ ФУТБОЛ

Бо мақсади баланд бардоштани завқи худшиносии миллӣ, тараннуми тарзи ҳаёти солим, дӯст доштани варзиш ва  бахшида ба 28 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди корхонаи муштараки “Ҷавонӣ” мусобиқаи футболи хурд байни аъзоёни ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Ҷавонӣ”, “Тандурустӣ”, “Мадад ва кормандони ширкати “Тсел” аз 4-ум то 17-уми декабри соли 2022 идома ёфт. Дар ин мусобиқот 4 даста ширкат варзида, аз худ маҳорати баланди варзиширо нишон доданд.

Имрӯз 17 -уми декабр даври  ниҳоии мусобиқа доир шуда, бозӣ байни дастаҳои «Тандурустӣ» ва «Ҷавонӣ» тезу тунд доир шуда, дар натиҷа дастаи «Тандурустӣ» ғолиби ҷойи аввал гардид ва ҷомро соҳиб шуд. Зинаи дуюмро дастаи «Ҷавонӣ» ва зинаи сеюмро дастаи «Тселл» ишғол карданд. Дастаи “РАСИН“ барои иштироки фаъолона бо сипоснома қадршиносӣ гардид.

Дар расми ҷамъбасти мусобиқа раиси кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва раиси иттифоқи касабаи кормандони Ҷамъияти дори масъулияташ маҳдуди “Ҷавонӣ” Раъно Қаландарова иштирок намуда, зимни суханронӣ иброз доштанд, ки таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш хоса аст.  Зеро давоми чанд соли охир дастоварди варзишгарони мо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ бозгӯи он аст, ки аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар барои пешрафти ин соҳа эътибори хоса зоҳир мегардад. баромадкунандагон аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки ба варзиш бештар машғул гардида, ҳамсолони худро низ ба корҳои муфид ҷалб намоянд.

Дар расми тантанавӣ ба ғолибон ҷом ва тӯҳфаҳои пулӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *