Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ТАШРИФИ АЪЗОЁНИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” БА КИТОБХОНА

Солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдоми хирадпмандона ва фарҳанпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи китобдорӣ дар мамлакат рушду такомул ёфта, шавқи ҷавонон бо хондани китоб ва илмандӯзӣ беш аз пеш зиёд гардида истодааст. Ва дар ин росто шумораи китобхонаҳо рӯз аз рӯз афзун гашта, имрӯз тамоми муассисаҳо дорои китобхонаи шахсии худ мебошад. Китобхонаи илмии Кумитаи иҷроияи ибтидои “Бобоҷон Ғафуров” низ аз зумраи он китобхонаҳое мебошад, ки дари худро ба рӯи хонандагон боз кардааст. Имрӯзҳо ҳазорҳо нафар донишҷӯён ба он ташриф оварда ғизои маънавӣ мегиранд.

Вобаста ба ин як гурӯҳ ҷавонон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба китобхонаи ташриф оварданд. Ҳадаф аз ташрифи ҷавонон ин шинос намудани онҳон бо адабиёти тозанашри соҳавию бадеӣ арзёбӣ гардид. Ҳамзамон ҷавонон аз рӯйхати китобҳо шинос шуда, адабиёти лозимаро дархост намуда, барои мутолиа гирифтанд.

Аснои шиносоӣ бо хонрндагон кормандони китобхона дар бораи шароити имкониятҳои мавҷудаи китобхона маълумот дода, роҷеъ ба тарзи дастрас намудани адабиёт, истифодаи қуттиҳои феҳристи китобхона, тарзи хизматрасонӣ дар толорҳо, шуъбаҳо маълумот доданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *