Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ТАҚВИЯТИ КОРИ ДОХИЛИҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ШАҲРИ ХУҶАНД

2 -юми феврали соли 2023 ҷиҳати татбиқи фармоиши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 5 январи соли 2023, №1 ва фармоиши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз 6 январи соли 2023, №1 баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб, баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, ҷиҳати тақвият бахшидан ва самаранок пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилотҳи ибтидоии ҳизбии “Нерӯи созанда”, “Меҳрафрӯз”, “Оби заррин”, «Амонатбонк», «Мақсудҷон Танбурӣ», «Олами афсона», «Тошхӯҷа Асирӣ» ва «Ободкор» «Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ» гузаронида шуд.

Мақсад аз ташкили амалиёти мазкур ин ба расмият даровардани ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ, баланд бардоштани масъулияти аъзои ҳизб, риояи одобномаи корманди ҳизбӣ, таъмини ҳадафҳои Барномавию Оинномавии ҳизб, гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳуввияти миллӣ ва тарғиби ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *